Эълони иваз кардани корти бонкии бознишастаҳо
“Амонатбонк” эълом кард, кортҳои бонкии нафақагирони шаҳри Душанберо иваз мекунад.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, ин иқдом дар пайи ба итмом расидани муҳлати истифодабарии ин кортҳо роҳандозӣ мешавад. “Амонатбонк” аз ҳамаи бознишастаҳои Душанбе даъват мекунад, то 15 июли соли равон барои иваз кардани кортҳояшон ба марказҳои хизматрасониаш муроҷиат намоянд: “Корти нав бо пешниҳоди хуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият супорида мешавад ва то моҳи июли соли 2019 фаъол хоҳанд буд”.
Ин ниҳоди молии Тоҷикистон теъдоди нафақагирони пойтахтро беш аз 51 ҳазор рақам мезанад.