Раиси Суғд: Барои ҷарроҳӣ 7-8 ҳазор $ мегиранд, ин ҷо Америка-мӣ ё Япония? (САДО)
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз кору фаъолияти духтурони шимоли кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки имрўз муносибату муомилаи пизишкон бо мардум дағалтар гашта, барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар мегиранд.
Ў ин нуктаро 11-уми июл зимни нишасти хабарӣ баён дошта, таъкид намуд, ки аз ҳама муҳим муносибати духтур мебошад: "Аммо мебахшед имрўз муносибату муомилаи духтурон дағалтар шудааст. Агар бо ҳамин 50%-и касал муомила хуб бошад, вай сиҳат меёбад".
Ба гуфтаи раиси Суғд пештар дар соҳаи тиб кам-кам пардапўшона гап мезаданд: «Ҳамин варақаи касалиатонро пештар намефаҳмидед, ки шумо чӣ хел беморӣ доред. Ҳозир техникаҳои нав ҳамаашро бо забони тоҷикию русӣ чоп карда медиҳад. Мехонед, ки садто навиштагӣ, то омадан ба хона тамом, дасту пойҳо меларзад».
Ҳамчунин, ў гуфт, ки феълан қарори 600 амал мекунад, ки тибқи он, барои 7 намуди беморӣ бидуни пурсуҷў ёрии таъҷилӣ расонида шавад: «Лекин бисёриҳо ҳаминро ҳам риоя намекунанд ва намедонанд. Ман гуфтам, ки дар ҳамаи даромадгоҳҳои беморхонаҳо мазмуну мўҳтавои қарори 600-ро навишта монед, ки мардум фаҳмад».
Дигар аз масъалае, ки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ин барзиёд ситонидани маблағ барои ҷарроҳӣ буд. Ба гуфтаи ў, дар беморхонаи вилоятӣ барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар талаб намудаанд: «Ман дирўз оҳиста бохабар шудам, ки 7-8 ҳазор доллар барои ҷарроҳӣ дар беморхонаи вилоят пул мегирифтаанд. Ин ҷо Япония не ку. Духтур аз куҷо – Япония-мӣ ё Америка-мӣ? Хайр, духтури худамон-мӣ? Номаъқул кардӣ! Оператсияро ҳамааш бепул мекунӣ, накунӣ аз ҷоят холӣ мекунам. Мардуми бечора аз куҷо 7-8 ҳазор доллар пул меёбад?».
Дар охири суханаш ҷаноби Қодирӣ аз рўзноманигорон хоҳиш кард, ки бояд журналистон низ қалами худро дар ин масъала тез карда, назорат баранд ва барои мардуму ҳукумат кўмак намоянд: «Бо як гуфтаи ман ҳамаи ин кор дуруст намешавад-ку!».
Дар фарҷом раиси вилояти Суғд афзуд, ки то охири соли равон ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят таъмиру тармим гашта, ба системаи гармидиҳии мутамарказ гардонида мешавад: «Мо барои ин наздики 7 миллион сомонӣ маблағ ҳам ҷудо намудаем ва корҳо рафта истодаанд».