Гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи Русия мегӯянд, вақтҳои охир мақомоти ин кишвар собиқ ҷангиёни ҷонибдори Русия дар Донбасро депорт карда истодаанд, ки дар Ватан онҳоро зиндон интизор аст.
Георгий Фёдоров, узви Палатаи ҷамъиятии Русия дар пасманзари қарори депорти Владимир Веклич, шаҳрванди Украина, собиқ ҷангии ҷонибдори Русия дар Донбас аз ин иқдоми мақомоти кишвар интиқод карда, хостори бозбинӣ ва тағйири қарор шудааст. Додгоҳи ноҳиявии Санкт Петербург Векличро барои гузаштани муҳлати қайдаш дар Русия депорт ва ҷарима кардааст, ки норозигии бархе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба вуҷуд овард.
Лариса Шеслер, раиси Иттиҳодияи муҳоҷирони сиёсии Украина мегӯяд, бо назардошти оромии нисбӣ бархе аз ҷангиёни Донбас ба ҳаёти осоишта баргашта, барои дарёфти рӯзияшон дар Русия кор мекунанд. Аммо мақомоти ин кишвар бархе аз онҳоро барои қоидавайронкуниҳои маъмурӣ боздошт ва депорт мекунанд.
Дар қатори депортшудаҳо фаъолони Русия аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасанов Амонулло Раҳматовичро ном мебаранд, ки дар Донбас ҷангидаасту дар Ватан ӯро барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ зиндон интизор аст.
Георгий Федоров гуфтааст, Русия бояд аз депорти ҷангиёни Донбас худдорӣ кунад ва уҳдадор аст, ки расман ба онҳо паноҳандагии сиёсӣ диҳад. Аксҳои Ҳасанов дар Донбас: