Ҳоҷӣ Тоҳир дубора барои пайравӣ аз “Салафия” зиндонӣ шуд
Додгохи шаҳри Кӯлоб Тоҳир Ашӯров, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Тоҳирро узви ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” шинохта, 7 сол равонаи зиндон кардааст.
Аз мақомоти амниятии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки Тоҳир Ашӯрови 36-сола аз ҷониби кормандони КДАМ дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуда буд. Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда фориғутаҳсили яке аз донишкадаҳои исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ буда, муваққатан бекор будааст: “Замони боздошт аз манзили ӯ адабиёти зиёди динӣ, ки “Салафия”-ро тарғиб мекунад, дарёфт гардид”.
Суди шаҳри Кӯлоб Тоҳир Ашӯровро соли 2010 низ барои пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” равонаи зиндон карда буд. Он замон вай 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва соли 2012 дар асоси қонуни авф раҳо гардид. Ин навбат муҳлати ҷазоро дар маҳбаси низомаш пурзӯр пушти сар хоҳад кард.