Барканории раиси бозори "Шоҳмансур" ва директори Боғи ҳайвонот
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 11 июл фаъолияти раҳбарони бозорҳои коммуналии пойтахтро нокифоя хонда, Бахтиёр Лақаев, директори КВД “Бозори Шоҳмансур"-ро аз мақом барканор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои роҳандозинамудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанигардонидани бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро нокофӣ арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Убайдуллоев инчунин "барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ" Қурбон Одинаев, директори Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонти шаҳри Душанбе”-ро низ аз вазифа озод кардааст.
Барканории раиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар пайи ҳалокати як шери ҳафтсола ва як хирси панҷсола сурат мегирад. Бино ба иттилои расида, ин ду ҳайвон рӯзҳои 12 ва 13 июн ба ҳалокат расидаанд.
Дар акс Бахтиёр Лақаев