Корманд ришва гирифт, роҳбарро аз вазифа мегиранд
Бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе минбаъд дар сурати ба амалҳои коррупсионӣ даст задани корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, роҳбари он сохтор аз вазифа сабукдӯш мешавад.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ин нукта дар ҷаласаи навбатии Убайдуллоев, ки имрӯз, 11 июл баргузор шуд, таъкид гардид. Дар ин ҷаласа аз масъулин тақозо шудааст, “бо таҳким бахшидан ба интизому самаранокии меҳнат алайҳи дилхоҳ амалҳои коррупсионӣ чораҳои муассир андешанд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масъалаи роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 муовини соҳавии худ Шакарбек Самадов ва раисони 4 навоҳии пойтахтро вазифадор намудааст, бо ҷалби васеи соҳибмулкон таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оғози мавсим ба анҷом расонида, дар минтақаҳои омодашуда санҷишҳои гидравликиро амалӣ намоянд.