Посухи Холиқназаров ба иддаои Эрдуғон: Миллати террористҳо муҳим нест
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, миллат ва аз кадом кишвар будани террористҳо муҳим нест. Ин ҳарфҳои стратеги №1-и Тоҷикистон дар посух ба иддаои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки гуфт, дар таркиши фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Истанбул зодаи Тоҷикистон ҳам даст дорад, садо дод.
Ҷаноби Холиқназаров имрӯз, 11 июл дар нишасти хабариии созмонёфтае дар Душанбе суханҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро иқтибос кард, ки террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад: “Барои ҳамин фарқ надорад он шаҳрванди кадом кишвар аст, агар террорист аст, вай террорист аст. Барои мо муҳим нест, ки дар Туркия онҳо аз кадом миллатҳо буданд, яъне аз кадом кишварҳо буданд”.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ дар робита ба хабарҳои зиддунақиз дар мавриди таркишҳои фурудгоҳи Отатурки Истанбул гуфт, бархе хабарнигорони Туркия овозаҳои шунидаи худро бидуни таҳқиқ билфосила нашр мекунанд, ки ба назари ӯ “хеле бад аст”: “Хушбахтии мо тоҷикон ин аст, ки журналистони мо ин корро ҳеҷ вақт намекунанд, то насанҷанд, набинанд, ки ҳамин воқеа ҳаст, чоп намекунанд”.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия 5 июл гуфт, дар таркиши фурудгоҳи байналмилалии Отатурки шаҳри Истанбул зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даст доранд. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо таъкид намуд, то ҳол бо иттиҳоми ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи Истанбул 30 нафар боздошт шудаанд: “Сухан дар бораи зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва наздики мо меравад”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8 июл аз Вазорати умури хориҷии кишвар ба суоли “Озодагон”, ки оё Туркия далеле барои даст доштани тоҷикон дар таркишҳои фурудгоҳи байналмилалӣ дар Истанбул пешниҳод кардаанд ё на, посух доданд, ки то ҳол ҳеч далели расмие дар ин бора ба Душанбе пешниҳод нашудааст.
Дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби 28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 44 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар захмӣ шудаанд.