Шикояти маълулон аз нафақаи кам: 130 сомонӣ ба ҳеч чӣ намерасад (АКС+ВИДЕО)
Ташкилотҳои кӯмак ба маъюбон дар Тоҷикистон мегӯянд, 130 сомонӣ нафақае, ки афроди имконияташон маҳдуд мегиранд, барои таъмини эҳтиёҷоти онҳо хеле кам аст.
Мамлакат Абдусамадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Мақсад”, зимни як ҳамоиш бахшида ба рӯзи маъюбон дар Душанбе гуфт, то ҳол дар ноҳия мушкили маъбон дар роҳҳои мағоза ва муассиаҳои томактабӣ пурра бартараф нашудааст ва онҳо наметавонанд бо аробачаи маъюбӣ бемонеа ҳаракат кунанд: “Инчунин дар шароити имрӯза 130 сомонӣ барои пешбурди зиндагӣ басанда нест, аз ин рӯ яке аз шикоятҳои маъюбон кам будани нафақаи онҳо мебошад”.
Ба гуфтаи хонум Абдусамадова ташкилоти онҳо давоми чор сол дар ноҳияи Деваштич фаъолият дошта, бо 522 нафари имконияташон маҳдуд кор карда истодаанд: “Аксари маъюбон бо курсҳои омӯзишии бофандагӣ, дӯзандагӣ ва пухтупаз фаро гирифта мешаванд, ки имрӯз онҳо дар хонаҳои худ кор карда истодаанд. Бештари маъюбон ҳуқуқҳои худро намедонанд ва мо ба онҳо ин ҳамаро мефаҳмонем”.
Нигина Давлатова, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа”, ки давоми шаш сол аст дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, ки дар ин муддат онҳо бо зиёда аз 1000 оилаи афроди маъюб кор кардаанд: “Ҳамаи падару модарон мехоҳанд фарзандони онҳо аз ҷо хеста, роҳ равад, вале ин имконнопазир аст, зеро кӯдаке, ки 8-9 сол дар як ҷо нишастааст, якбора роҳ рафта наметавонад. Аввал ӯ ба нишастан бояд одат кунад, баъдан бо ҳаргуна бозичаҳо дастонашро ба кор бояд даровард. Мо хона ба хона гашта тарзи либоспӯшӣ, хӯрокхӯрӣ, роҳ рафтан ва ба берун баромаданро меомӯзонем ва муваффақ ҳам шудем. Мо коре мекунем, ки онҳо бо ҳамсояву кӯдакон дӯст шаванд”.
Ба гуфтаи хонум Давлатова лоиҳаи мазкур дар се минтақаи Тоҷикистон Ваҳдат, Вахш ва Конибодом фаъолият дошта, дар шаҳри Ваҳдат устои махсуси омода кардани дастгоҳҳои лозимиро доранд: “Устоҳои худро дорем, ки асобағалу аробачаҳо ва пойафзолҳои махсусро омода мекунанд. Ва мо устоҳоро низ дарс медиҳем, ки тарзи омода кардани баландии курсӣ ва дигар лавозимотро хуб донад. Дар лоиҳа инчунин ҳукумати кишвар ва шаҳру новоҳӣ моро дастгирӣ мекунанд”.
Озода Ҳакимова, модари Эмомалӣ Холов, як кудаки маълул дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, ки фарзандаш ҳафт сол дорад ва аз ҳаштмоҳагӣ ба бемории фалаҷ гирифтор шудааст: “Пои чапи Эмомалӣ фалаҷ шуд ва қаблан роҳ рафта наметавонист. Ҳоло баъди машқҳои бардавом фарзандам роҳ мегардад”.