Нуриддин Саид: Маркази тестӣ душманони зиёд дорад (ВИДЕО)
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, иддаоҳо дар бораи бо ҳар роҳу восита ба донишгоҳҳо дохил кардани довталабон бепояанд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм имрӯз, 11 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳеч корманди вазорат ва Макази милли тестӣ ба ин кор даст назадаанд. Аммо вазир гуфт, баъзе ашхос бо роҳи қаллобӣ ба боварии волидони довталаб даромада, соҳиби маблағ мегарданд: “Довталаб бо саводи худаш дохил мешавад, аммо онҳо мегӯянд, ки мо ӯро дохил кардем. Ин гуна далелҳо ҳастанд”.
Ӯ дар идомаи суҳбаташ таъкид намуд, ки “Маркази миллии тести душманони зиёд дорад. Тасаввур кунед, солҳои сол бо низоми классикӣ довталабонро қабул мекарданду чӣ корҳои пасипардагӣ буд. Ҳоло дигар наметавонанд. Нафароне, ки аз он ҳисоб ком меҷустанд, зиндагӣ меёфтанд, магар онҳо дусти маркази миллии тестианд? Албатта, ҳеч гоҳ не. Хусусан корпуси устодони донишгоҳҳо, колеҷҳо, миёнаравҳо ва аз ҳама муҳимаш волидоне, ки имконияти молиявӣ доранду фарзандашонро дуруст тарбияи накарда, ба воситаи ришва дохил мекарданд, дигар наметавонанд. Инҳо ҳам дар душмании Маркази миллии тестианд”.
Ҷаноби вазир афзуд, Маркази миллии тестӣ осонакак руи кор наомадааст: “Барои роҳандозии ин низом даҳ сол мо ин пайраҳаро тай карда, омадем ва нав ба татбиқи он расидем”.