Нигаронии Холиқназаров аз "бозиҳои сиёсӣ" дар минтақа
Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дасисаҳои пуштипардагӣ ва бозиҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ мепайванданд, онҳоро нигарон кардааст. Худойбердӣ Холиқназаров ин нуктаро имрӯз, 11 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе иброз дошт.
Ӯ тасарруфи шаҳри Кундузи ҳаммарз ба Тоҷикистонро яке аз “дасисаҳои пушти парда” унвон кард, аммо афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки “ин корҳоро кӣ анҷом медиҳад”.
Оқои Холиқназаров гуфт, аз ин бозиҳои сиёсию гаополиктикӣ тамоми кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) нигарон ҳастанд ва эҳсос мекунанд, ки хатар аз Афғонистон метавонад зиёд шавад.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид кард, барои ҷилавгирӣ аз хатароти гуруҳои ифротию террористӣ дар Афғонистон, бояд кишварҳои узви СПАД омодагии доимӣ дошта бошанд.
Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия ва Арманистон узви СПАД ҳастанд.