Ғарқшавии 6 ноболиғи тоҷик дар рӯзҳои истироҳат
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Тоҷикистон 6 ноболиғи аз 2 то 17-сола ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикстон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 10-уми июл соати 14:30 ду ноболиғи 17-сола, сокинони ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудаанд: “Ҳамчунин дар ин рӯз ноболиғи 16-сола, сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми гузаронидани дарзаи ҳезум аз дарёи Вахш ғарқ шудааст”.
Манбаъ афзуд, нохушии дигар рӯзи гузашта тахминан соати 20:30-дақиқа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст, ки писарбачаи 2-сола аз беэҳтиётии волидайнаш ба ҷуйбори назди хонаашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳамчунин 9 июл сокини 10-солаи ноҳияи Варзоб дар ҷӯйбори ҳудуди деҳаи Харангон ва сокини 13-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.
ВУД бо зикри ин ҳолатҳо, шаҳрвандон, махсусан волидонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, изҳор доштааст, бо фарорасии гармо хатари ғарқшавӣ ба маротиб бештар мешавад.