Вазир гуфт, пайравони Пешво барои иштирок дар “маршировка” пул мегиранд
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, гуфт донишҷӯён ба “маршировка”-ю раҳпаймоиҳо ба муноосибати 25-умин солгарди Истиқлолият бо фармоиши Вазорат ҷалб шудаанд.
Ӯ имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки ҷавонону донишҷӯёни мо-пайрави Пешвои Миллат худашон хоҳишманди иштирок дар ҷашни 25-солагии Истиқлолиятанд. Вазир афзуд, ки иштирокдорон аз ҳисоби махсуси донишгоҳҳо маблағ мегиранд: “Як вақт бо ғизою нӯшокӣ ва инчунин бо нақлиёту хобгоҳҳои ройгон таъмин мешаванд”.
Нуриддин Саид овозаҳо дар мавриди ҷалби мактабхонҳоро ба “маршировка”-ҳо рад кард.
Роҳпаймоии имсолаи донишҷӯён бар хилофи солҳои қаблӣ хеле густурда роҳандозӣ шуда, ба он донишҷӯён аз навоҳии дуру наздик ҷалб гардидаанд.