Мир Зафар: Хотираамро аз даст дода будам (ВИДЕО)
Мир Зафар, нависандаи тоҷик, ки панҷ соли ахир аз ночорӣ дар Русия ба “бомж” табдил ёфта буд, мегӯяд, дар пайи як латту кӯб аз сӯи миллатгароҳои рус хотираашро аз даст дод.
Ӯ дар навори видеоие, ки Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” нашр кард, мегӯяд, панҷ солро ҳамроҳ бо бехонумонҳо, фоҳишаҳо, дуздҳо, одамкушҳо ва нашъамандҳо сипарӣ кард: “Зери дарахтҳо хоб мерафтам ва чизе намедонистам. Намедонистам, ки ман кӣ ҳастам? Танҳо номам дар хотирам буд, ки Мир аст”.
Ба қавли ин нависандаи тоҷик, ки ҳоло дар Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” ба сар мебарад, он замон одамони гуногун ба ӯ кумак кардаанд: “Баъдан як кори аҷибе шуд. Бо ман нафаре бо номи Мирзода Маҳмадназар вохӯрд. Фикр кардам ки як одами оддӣ мебошад. Ӯ консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург будааст. Кӯмак кард, акс гирифт ва рафт. Баъдан Зафар, Аъзам, Мақсуд, Раҳим, Шавкат омаданд ва то ҳоло ба ман кумак мекунанд”.
Мир Зафар мегӯяд, ӯ ҳеч гоҳ худашро нодор эҳсос накардааст: “Барои он ки ман чизе дорам, ки онро касе аз ман гирифта наметавонад. Ман китобҳои худамро дорам. Ман ҳазорҳо хонанда дорам”.
Ба гуфтаи ӯ дубора ба нависандагӣ рӯ оварданист: “Агар Худованд чанд соли дигар умр бидиҳад, ман менависам”.
Ӯ аз нафароне, ки ӯро мешиносад ва ё барои навиштани китоб ёрӣ додан мехоҳанд, дархост мекунад, ба Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” муроҷиат кунад.