Стратеги №1-и Президент пешниҳоди Ҳоҷӣ Мирзоро бефоида хонд
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон пешниҳоди Ҳоҷӣ Мирзо барои мубориза алайҳи ифротгароӣ тариқи ироаи минбар ба руҳониёни маъруфро муфид намедонад.
Холиқназаров, имрӯз, 11-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, мавъизаи домуллоҳои маъруф наметавонад алайҳи тактикаи созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла “ДИИШ” таъсире дошта бошанд. Ӯ гуфт, эмиссарҳои “ДИИШ” бо тактикаи бисёр муосир ва имкониятҳои васеъ таблиғотро пеш мебаранд ва бо чанд забон дар интернет маводи таблиғотӣ нашр мекунанд. Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт бо роҳҳои классикӣ ва анъанавӣ имкони гирифтани роҳи ифротгароӣ кам мебошад. Ӯ бори дигар зарурати таълими таърихи Исломро дар макотиб таъкид намуд, то насли ҷавон аз асли Ислом бохабар шаванд.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ илова намуд, ки ҳукумат феълан алайҳи ифротгароӣ таблиғоти густурдаро дар навоҳӣ роҳандозӣ кардааст ва ба гуфтаи ӯ баъди амалиёти Русия дар Сурия теъдоди ҷангиёни ДИИШ аз кишварҳои мусалмонӣ коҳиш ёфтааст.
Дар мавриди ҷангиёни ифротӣ дар хоки Афғонистон Холиқназаров афзуд, ки Тоҷикистон ва умуман тамоми кишварҳои узви СПАД аз ин огоҳу нигаронанд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз хатари онҳо омода бошанд.
Қаблан Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии маъруфи тоҷик изҳор дошт, ки танҳо зиндонӣ кардани ҷавонон роҳи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ нест ва пешниҳод намуд, ки барои мубориза алайҳи ДИИШ-у дигар созмонҳои ифротӣ ба руҳониёни маъруфи кишвар минбар дода шавад.