Савда: Шавҳарам маро ҳам ба Сурия бурданӣ буд...
Як ҷавонзани 21-сола аз ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, шавҳараш ба зориву таваллои ӯ гӯш надода, ба Сурия рафт ва баъди камтар аз як сол хабари кушта шуданашро ба вай расонданд.
Савда Маҳмадова ва Назрибек Мадхолов соли 2013 дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ арӯсӣ намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ Русия мераванд. “Дар шаҳри Маскав дар як сехи моҳӣ кор мекардем. Тахминан баъди як сол шавҳарам гуфт, ки якҷоя ба Сурия меравем. Ҳарчанд ба вай мефаҳмондам, ки ин роҳи хатост, гӯш намекард”,-қисса мекунад ӯ.
Ба гуфтаи хонум Маҳмадова баъди ин ки натавонист шавҳарашро аз роҳ баргардонад, хоҳиш кард, ақалан ӯро ба Ватан фиристад: “7 марти соли 2015 ман ба Тоҷикистон омадам. Баъди се моҳ як рӯз телефон карда гуфт, ки ба ҷойи мехостагиам расидам, ман акнун дар Сурия ҳастам. Баъди ин суханҳо дунё дар назарам торик шуд, зеро ҳазорон нафар онҷо кушта шудаанд ва роҳи зинда баргаштан аз онҷо нест”.
Савда Маҳмадова мегӯяд, ин охирин суҳбати ӯ ва ҳамсараш буд. Баъди ин дигар боре ҳам тамос нагирифтааст. Тибқи бархе овозаҳо гӯиё Назрибек дар ҷангҳо ҳалок шудааст: “Имрӯз баъзеҳо Сурия гуфта воҳима мекунанд, аммо як бор ба зеҳнашон намеояд, ки ояндаи мо - занони ин муҷоҳидони раҳгум чӣ мешавад. Масалан ман, 21 сол дорам, ва мутаассифона кӯдак ҳам надорам, то оянда ба хотири ӯ зиндагӣ кунам. Мактабро ҳамагӣ то синфи нуҳ хондаам. Дар як кунҷи хона шишта, ҳазору як фикр ба сарам чарх мезанад. Онҳо-ку дар он ҷангҳо нобуд, мешаванд, мо инҷо зинда ба гӯрем”.
Ҳоло ӯ аз манзили шавҳараш ба хонаи модараш баргаштааст. Мегӯяд, ба наздикӣ “чизу чораамро ҳам оварданд”. Ҳамсояҳо маслиҳат додаанд, ки ҳоло ҷавон ҳаст ва бояд умрашро беҳуда нагузаронда, шавҳар кунад.
Хатичамоҳ Ширинова, модари Савда мегӯяд, сахтарин рӯзи модар “дидани сиёбахтии духтараш аст”. Ба гуфтаи ӯ, чанд хостгор омад, аммо онҳо намедонанд чӣ ҷавоб диҳанд: “Метарсам, ки шавҳараш мабодо зинда бошаду ягон вақт пайдо шавад. Дубора азоби духтарамро таҳаммул карда наметавонам”.
Аммо Шерхон Мадхолов, падари Назрибек мегӯяд, хабари кушта шудани фарзандашро аз писари калониаш, ки низ дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад, шунид: “Сентябри соли гузашта Муродбек аз он ҷо занг зада гуфт, ки шодиёна деҳ падар, ки Назрибек дар роҳи Оллоҳ шаҳид шуд. Аз алами зиёд ӯро суханҳо носазо гуфтам, кадом шаҳид, охир одам бо куштани касе шаҳид намешавад. Ман гуфтам, ки дигар шумо барин писар надорам”.
Ӯ мегӯяд, намедонад, дар куҷо дар тарбияти фарзандонаш ғалат кард, ки онҳо узви гуруҳҳои ҷангҷӯ шуданд.
Ба гуфтаи наздиконаш Назрибек Мадхолов солҳои 2010-2011 дар шаҳри Душанбе дар Полки милиса хизмати ҳарбиро адо кардааст.