Нархи сабзӣ 7 баробар боло рафтааст
Сабзӣ, ки тибқ иттилои расмӣ моҳи феврали соли равон ҳудуди 30-40 дирам нарх дошт, имрӯз 9-уми июл дар Душанбе ҳар килои он ба ивази 3,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз бозори “Шоҳмансур” дар маркази шаҳри Душанбе хабар дод, сабзӣ камёфт шудааст. Ба иттилои манбаъ савдогарон як килои сабзиро ба ивази 3,5 сомонӣ фурӯхта, изҳор доштанд, ки нархаш дар бозорҳои дигар боз болотар аст. Тоҷирони “Шоҳмансур” ба “Озодагон” сабаби болоравии нархи сабзиро ба воридоти ками он ба бозор рабт доданд: “Имрӯз ба бозор танҳо як мошини “Форланд” ворид шуд, ки мо худамон ҳар килои онро бо нархи 3,2 сомонӣ харидем”.
Тоҷирон афзуданд, воридоти сабзӣ аз Хатлон ва дигар навоҳии тобеи марказ кам шудааст: “Ҳоло бо оғози воридот аз Суғд, махсусан аз Истаравшан нархи сабзӣ метавонад дубора поён равад”.
Талабшоҳ, як харидор мегӯяд, аввали хафтаи равон як кило сабзиро 1,5 сомонӣ харида буд: “Дар муддати 4-5 рӯз якбора нарх боло рафт”.
Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нархи сабзиро, ки дар Душанбе як килои он ба ивази 1 сомонӣ фурӯхта мешуд, қимат хонда буд. Он замон хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода буд, ки тоҷирону миёнаравҳо 3-4 килои онро аз замин бо нархи яклухти 1 сомонӣ мехаранду дар бозорҳои пойтахт ҳар килои онро ба ивази 1 сомонӣ мефурӯшанд. Дар иттилоия таъкид шуда буд, ки “ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт”.
Дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор раиси бозори “Саховат” Давлаҳмад Саидовро аз мақомаш барканор карда, ба роҳбарони дигар бозорҳо огоҳӣ дода буд.