Суҳбати Усмонов: Аз рукуди журналистика то мухолифин ва ошкоргӯияш барои тағйири вазъ
Профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, журналистикаи тоҷик дар ҳоли рукуд аст ва онро ба омилҳои сиёсию молӣ рабт додаст. Ин муаррих ва собиқ масъули Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ бо “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” гуфтааст, дар расонаҳои мо тақрибан матлабҳои ҷиддӣ ва қобили таваҷҷуҳ намондааст: “Имрӯз, агар тӯли се ҳафта матбуоти давриро нахонӣ чизеро аз даст намедиҳӣ”.
Ба гуфтаи Усмонов нашрияҳоро касе намехонад ва “агар кори онҳо ҳамин гуна идома ёбад эътибори журналистика дар ҷомеа аз даст меравад”.
Ӯ далели ин тамоюлро ба омилҳои сиёсӣ ва молӣ рабт додааст: “Вазъияти кишвари мо онгуна аст, ки рӯзноманигорон ва муҳаррирон худ ба дастгирии молӣ ва маънавӣ ниёз доранд. Дастгирии маънавӣ ба он маъно, ки касе монеи нашри матлабҳои гуногун дар расонаҳо худи онҳо нашавад. Дастгирии молӣ барои идома додани фаъолият лозим аст”.
Иброҳим Усмонов дар мавриди сабабҳои сиёсии камранг будани фаъолияти журналистикаи тоҷик гуфтааст, “ҳукумат бо идеологияи феълии худ, ҳар гунае, ки он набошад, тавонистааст нашрияҳо ва соҳибони онҳоро ба худ тобеъ кунад. Агар соҳибрасонаҳои мо аз назари идеологӣ қавӣ мебуданд, аз рӯи дастури ҳукумат кор намекарданд. Аммо, дар он сурат ба эҳтимоли зиёд расонаҳои худро аз даст медоданд ё дучори даъвоҳои додгоҳӣ мешуданд”.
Усмонов дар бахши дигаре аз суҳбати худ фишанги фишори мақомот ба рӯзноманигорон ва расонаҳоро дастгирии молӣ гуфтааст. “Мақомот метавонанд ба соҳибрасонаҳо пешниҳод кунанд, ки ба ивази нашр накардани малабҳои хос онҳоро дучори монеа накунанд. Соҳибони як-ду расонаи каму беш ҷиддӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Аммо, аз хориҷ ҳам ба ҳамкорони худ дастур медиҳанд, ки зиёд сахт нанависанд. Соҳибрасонаҳо ба хотири амният ва даромади худ роҳи муқовимати камтарро интихоб кардаанд”.
Иброҳим Усмонов пешгӯӣ кардааст, ки даврони торики расонаҳои мустақил фаро мерасад: “Аммо, расонаҳои расмӣ ҷойгоҳи муносибтарро касб мекунанд. Имрӯз рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ дар шароити хуб кор мекунанд. Журналистикае, ки мо мехоҳем аз байн меравад. Манзури ман ин нест, ки телевизион, радио ва расонаҳои чопӣ аз байн меравад. Онҳо мемонанд, аммо на ба он шакле, ки мо мехоҳем”.
Проффесори тоҷик шарҳ додааст, ки “дар расонаҳои мо масъалаҳои кӯчаки иҷтимоӣ ба баҳс кашида мешаванд. Баҳсҳои сиёсӣ аз байн мераванд. Эҳтимолан, имкони баҳс дар мавриди мушкилоти мардум, давлат ва воқеиятҳои кишвар барои чанд муддат нопадид мешаванд”.
Иброҳим Усмонов гуфтааст, ки барои ислоҳи ҳамин вазъият фазои сиёсӣ лозим аст: “Фазои сиёсӣ дар шароите пайдо мешавад, ки дар кишвар ду ва ё чандин ҳизби бо ҳам мухолиф вуҷуд дошта бошанд. Аммо, мо ҳоло танҳо як ҳизби ҳукмрон дорем. Ҳизби бисёр дорем, аммо бо ҳизби ҳоким дар роқобат нестанд. Барои ҳамин идеологияи расонаҳои мо бо чизе, ки вуҷуд дорад, маҳдуд аст”.
Усмонов илова намудааст, ки имкони тағйири вазъ ҳамеша вуҷуд дорад, чунин имкон ҳеч гоҳ наметавонад пурра аз байн равад: “Агар ошкоро гуем, бояд ҳизби қудратманде пайдо шавад. Аммо ташкили чунин ҳизб дар солҳои наздик бисёр шубҳаовар мебошад. Барои ин дар ҷомеаи мо бояд шахсияти тавоно пайдо шавад. Имрӯз мо гуфтан наметавонем, ки чунин шахсият пайдо мешавад ё на”.
Иброҳим Усмонов дар поёни мусоҳибаи худ гуфтааст, ки расонаҳои Тоҷикистон ду роҳ доранд: “Роҳи аввал комилан тобеъ шудан ба низом ва тавсифи ҳукумат. Аз ҳамин тариқ вазъияти худро амн мекунанд. Роҳи дигар давом додани кор дар тарсу хатар ва нашр кардани матлабҳои интиқодӣ. Аммо, онҳо дар ин ҳолат барои вуҷуди худ мубориза хоҳанд бурд. Бо фишорҳое ба мисли бозрасиҳои расмӣ дучор мешаванд”.
Суҳбати Усмонов дар бораи рукуди журналистикаи тоҷик дар ҳолест, ки дар гузориши ҷадиди озодии матбуот барои соли 2016 Тоҷикистон якбора 34 зинаро аз даст дода, дар мақоми 150-ум қарор гирифт.