Салимов, сокини 28-солаи ноҳияи Деваштич, падари ду кӯдак ва ягона писари волидонаш ду сол қабл дар пайи як садама дар Русия ҷароҳат бардошта, то ҳол мадори ҳаракат ва гапзаниро надорад.
Насимҷон Салимов, падари Умедҷон имрӯз, 9-уми июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, хароҷоти табобати писараш дар як беморхонаи вилояти Ленинград 500 ҳазор рубли русӣ муайян шудааст: “Тамоми ҳуҷҷату ташхисҳоро равон кардем. Арзиши табобатро 500 ҳазор рубл муайян карданд ва мо баъди дарёфти ин маблағ ба Ленинград хоҳем рафт”.