Мақомоти тоҷик: Малах қариб 90 000 гектарро ишғол кард
Мақомоти умури кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, то аввали моҳи равон малах дар майдони 89 ҳазору 534 гектар паҳн шудааст.
Тибқи иттилоияи муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», майдони ишғолкардаи зараррасонҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 237 гектар кам мебошад: “То ҳол дар 56 ҳазору 937 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, 586 нафар бо 29 трактори дорупошӣ ва 409 дорупошаки дастию моторӣ зидди малах равона шудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, малах дар Хатлон 52 ҳазору 487 гектар, дар Суғд 28 ҳазору 497 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ҳазору 550 гектарро ишғол кардааст.