Бонки Миллӣ: Бо роҳандозии кортҳо пули нақд мамнуъ намешавад
Бонки Миллии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот шарҳ додааст, ки аз аввали соли оянда роҳандозии пардохтҳо тариқи кортҳои бонкӣ маънои манъи пули нақд дар кишварро надорад.
Ин ниҳод мегӯяд, бар асоси тағйирот ба қонунгузории кишвар, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт, тамоми муассисаҳои савдою хизматрасонӣ бояд то 1-уми январи соли оянда терминалҳои электронӣ насб кунанд: “Барои саркашӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҷазо дар шакли ҷарима муқаррар гардидааст”.
Бонки Миллӣ таъкид намудааст, ки ҳисоббаробаркуниҳо ҳам ба таври нақдӣ ва ҳам ба таври ғайринақдӣ бе маҳдудият бо пули миллӣ - сомонӣ амалӣ мегарданд.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ феълан дар кишвар 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд: “То 1 июни соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 562 ҳазор кортҳои пардохтии бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 фоиз зиёд мебошад. Аз 2 ҳазору 303 терминали насбгардида, 631 адад дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 672 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 26,7% ва 25,5% афзудааст”.
Тавре қаблан аз дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор шудаанд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ шароитро таъмин намоянд: “Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб мегарданд. Барои насб намудани терминалҳои электронӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд”.