Ифшои “Мерседес”-и қочоқии 408 ҳазорӣ дар Хуҷанд
Мақомоти додситонӣ ва гумруки Тоҷикистон дар пайи амалиёти муштарак дар шаҳри Хуҷанд як “Мерседес-Бенс G350”-и қочоқӣ, арзишаш 408 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.
Тавре аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 3 июл, тахминан соати 21:30 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд «Мерседес-Бенс G350»-и сиёҳ, истеҳсоли соли 2014, таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд боздошт гардид.
Ба иттилои манбаъ муайян шуд, ки ҷавони тоҷик ин мошинро моҳи апрели соли равон аз Шербекова К. шаҳрванди Қирғизистон харида, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ тариқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кардааст. Хадамоти гумрук дар асоси хулосаи ташхисӣ-молшиносӣ арзиши ин “мерседес”-ро 430 ҳазору 893 сомонӣ муайян кардааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи соҳиби ин мошин барои қочоқ, аз рӯи моддаи 289-и қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ба додситонии вилояти Суғд ирсол шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ кардааст.