Абдулло Давлатов: Тибқи пешгӯиҳо солҳои 2050 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад
Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия ва Анҷумани созмонҳои тоҷикии “Самандар” аз сӯи Ҳизби “Партия Роста” номзад ба вакилӣ дар Думаи Русия пешниҳод шудааст. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, номзадиаш рӯзи 4 июл дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб ба вакилии Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия дар рӯйхати федеролӣ (умумирусиягӣ) аз шаҳри Маскав пешниҳод шудааст: “Номзадҳо ба вакилии Думаи давлатӣ метавонанд аз минтақаҳои мухталифи Русия интихоб шаванд. Ман ки дар Маскав зиндагӣ мекунам, табиист аз ҳамин шаҳр пешбарӣ шудаам”.
Озодагон: Киҳоро рақибони асосии худ медонед ва то чӣ андоза ба перӯзиатон боварӣ доред?
Абдулло Давлатов: Чун исми ман дар рӯйхати умумирусиягӣ аст, ҳатмӣ нест, ки худам бо намояндагони алоҳидаи ҳизбҳои дигар муборизаи пешазинтихоботӣ барам. Агар ҳизби “Партия Роста” аз монеъаи 5%, ки қонун пешбинӣ кардааст, гузарад, пас 12 нафар аз ин ҳизб вориди парлумон мешавад. Ман ки дар феҳраст таҳти рақами 18 ҳастам, барои ворид шудан бояд “Партия Роста” зиёда аз 7,5 дарсад овоз бигирад.
Рақибони асосӣ “Ҳизби Воҳид” (“Единая Россия”), ки ҳизби ҳоким ҳисоб мешавад ва ҳизби коммунисту ЛДПР ҳастанд. Гумон мекунам, ин се ҳизб зиёда аз 70 дарсади овозро мегиранд. То куҷо муваффақ мешавем, ҳоло пешгӯӣ кардан душвор аст. Аммо умедворкунанда аст, ки қишри фаъоли ҷомеъа аз ҷумлаи ҷавонон ва соҳибкорон бо мо ҳастанд. Ҳарчӣ набошад, Ҳизби “Партия Роста” ҳизби ҷавон аст ва некбин ҳастем”.
Озодагон: Чӣ Шуморо таҳрик дод, то номзад ба намояндаи мардум дар Дума шавед?
Абдулло Давлатов: 22 июни ҳамин сол ба узвияти Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав ва ба ҳайати комиссия оид ба сиёсати муҳоҷират интихоб шудам. Ин мавзӯъро дар Фейсбук матраҳ кардам. Баъди чанде як ҳамватан тамос гирифту табрик кард. Гуфтам, “ҳамагӣ аъзои як шӯро шудаам. Мири шаҳр нашудаам, ки кирои табрик бошад”. Ӯ гуфт: “Медонӣ, ин шабу рӯз чандин нафар занг задаву изҳори хурсандӣ мекунанд, ки тоҷик ба ҳукумати Маскав наздикӣ пайдо кардааст. Ин умеду хурсандии тоҷиконро накӯшу чунин нагӯ! Барои мо ифтихор аст”.
Баъди ин ҳарфҳо, суҳбатҳоро дар Фейсбук дар ин мавзӯъ хондаму дар чашмонам ашк пайдо шуд, ки миллати азизам аз як дастоварди ночизи ҳамватанаш ин қадар шод мешавад! Ҳамин воқеъа ва ҳамин суҳбат мутаҳаррик шуд. Фикр мекунам, ки вакил шудан ва ё ношудани ман муҳим нест. Муҳим он аст, ки тоҷикони Русия чорчӯбаи маҳдудияти худро шикананд ва боврӣ пайдо кунанд, ки дар Русия, новобаста аз ҳама камбудиҳои ин кишвар, метавон муваффақ шуд! Ин амали ман паёмест ба ҷавонони тоҷиктабори Русия: Агар мане ки аз як деҳа, аз даруни пахтазор баромадаам, номзадиямро ба Думаи давлатии Федератсияи Русия пешбарӣ мекунанд, пас шумо ки зодаи ин кишвар ҳастеду имконоти бештар доред, ҳатман муваффақу пирӯз мешавед! Қолабҳои тарсу бегонагиро бишканед ва марди амал бошед!
Озодагон: Фикр намекунед, ки торафт зиёд шудани шаҳрвандони Русия аз ҳисоби тоҷикон шонси тоҷиконро дар интихоботҳои оянда барои вуруд ба Думаи давлатӣ ва минтақавӣ зиёд мекунад?
Абдулло Давлатов: Ҳанӯз чанд сол пеш ба раисони ҷамъиятҳои минтақавӣ мегуфтам ва он замон аллакай шароит муҳайё буд, ки на як номзад пешбарӣ кунем. Ҳатто бо ду ҳизби русиягӣ оид ба манфиатҳои тоҷикон ба ивази овозҳои мо суҳбат карда будам. Аммо афсӯс, ки аксар ё боварӣ надоранд ва ё метарсанд, ки “биё мон” мегуфтанду канораҷуӣ мекарданд. Шояд сабабҳои дигар ҳам бошанд, намедонам. Пештар мехостам, ки ягон тоҷики ҷавонро пешбарӣ кунем. Шукри Худо, ки байни ҷавонони тоҷики муқими Русия арзандаҳо зиёданд! Ҳатто маҳфиле ифтитоҳ кардем, ки ҷавононро ҷалб кунему аз байни онҳо арзандатаринҳоро интихоб кунем. Афсус ки нашуд ва акнун худамро ба вартаи ин масъулият партофтам.
Дар даст як мактуб дорам. Аз номи як ҷамъияти славянӣ. Ду сол пеш омада буд. Бо масъулини онҳо суҳбатҳои телефонӣ кардаам. Онҳо даъво доранд, ки аз рӯи омӯзиш ва таҳқиқоту пешгӯияшон, миёнаи асри 21, аниқтараш солҳои 2050 то 2060 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад. Бори аввал дар ин бора мегӯям. Шояд нагуфтанам беҳтар бошад. Аммо рӯзе мешавад, ки он мактубро расонаӣ мекунам. Хулоса тоҷикон имконоти зеҳниву хираду тавони ирсӣ доранд, ки на танҳо вакили парлумон шаванд!
Озодагон: Ба шаффофияти интихоботҳо дар Русия ва фазои пешазинтихоботӣ чӣ назар доред?
Абдулло Давлатов: Агар бовар намедоштам, ба ин майдон ворид намешудам. Ҳарчӣ нагӯянд, дар Русия интихобот шаффоф мегузарад. Албатта ин ҳам ҳаст, ки дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ҳизби ҳукмрон аз имконоти аъзоёни мансабдораш ғайриқонунӣ истифода мекунад.
Озодагон: Чаро маҳз аз Ҳизби “Партия Роста” номзад шудед?
Абдулло Давлатов: Ин пешниҳоди нав нест. Дар интихоботи пешина ҳам пешниҳод буд. Имсол ҳам аз тарафи як ҳизби дигар низ ду бор хоҳиш карданд. Аммо маҳз бо пешниҳоди ҳизби “Партия Роста” розӣ шудам. Чаро кӣ бо онҳо баъзе барномаҳои ҷиддӣ дар осон кардани аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешниҳодҳои авфи депортшудаҳо, тайёр кардани ҷойҳои корӣ, сохтани хостелҳо (меҳмонхонаҳои нархи арзон барои муҳоҷирони корӣ), шароит фароҳам овардан барои соҳибкории шаҳрвандони хориҷӣ таҳия кардаем ва онҳоро бояд ин ҳизб амалӣ кунад.
Озодагон: Дар сурати пирӯзӣ кадом масъалаҳоро дар Дума мехоҳед бештар матраҳ кунед?
Абдулло Давлатов: Дар боло гуфтам, ки ҳизби “Партия Роста” барномаҳои амалишаванда рӯи даст дорад ва барои қонунӣ кардани онҳо талош мекунем. Агар Худо розӣ бошад.
Озодагон: Шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам доред?
Абдулло Давлатов: Шаҳрванди Русия ҳастам ва ҳама амалкардҳоям дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия роҳандозӣ мешаванд.
Озодагон: Пешниҳод шудани номзадии Шумо ба ин маъно нест, ки Ҳизби навтаъсиси “Партия Роста” мехоҳад ба ин васила раъй тоҷикони муқими Русияро ба даст биёрад?
Абдулло Давлатов: Шояд. Аммо бояд иқрор кард, ки будани тоҷик дар рӯйхат метавонад таъсири манфӣ низ расонад. Чаро ки бо афсус бояд қайд кунем, ки дар ин чанд соли ахир мо миллате бо номи нек матраҳшуда нестем.
Озодагон: Мавзӯи муҳоҷирон ва дигар мушкилоти марбут ба он дар барномаи пешазинтихоботии Шумо ва ҳизби Шумо чӣ ҷойгоҳ дорад?
Абдулло Давлатов: Мавзӯъи раванди муҳоҷират дар барномаи ҳизбӣ ҳаст, на танҳо дар барномаи пешазинтихоботии банда. Ин масъалаи ҷиддист ва ҳизби “Партия Роста” ҳамчун ҳизби соҳибкорон, аз нуқтаи назари фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Ман бо ин шакли кор комилан мувофиқ ҳастам.
Озодагон: Шумо дар навиштаи фейсбукатон гуфтаед, “аз дигар ҳизбҳо ҳам пешниҳодҳо буданд”. Ин ба чӣ маъност?
Абдулло Давлатов: Аз як ҳизби дигар низ пешниҳод шуда буд, ки ҳамроҳи онҳо ба интихобот равам. Аммо барномаи ҳизби “Партия Роста” бештар амалишаванда аст.
Озодагон: Манзури Шумо аз он пешниҳодҳо чӣ аст ва оё Шумо узвияти Ҳизби “Партия Роста”-ро надоред ва агар мехостед аз ҳар ҳизб вориди муборизаи сиёсӣ мешудед?
Абдулло Давлатов: Баъди гуфтугуҳои тӯлонӣ ва бо назардошти барномаҳои ҷолиби ҳизби “Партия Роста” банда ду ҳафта мешавад, ки аъзои ин ҳизб шудаам. Бори аввал ҳизбӣ шудам.
Озодагон: Ҳизби “Партия Роста”, ки моҳи марти соли равон таъсис шудааст, чӣ вазне дар ҷомеаи бисёрҳизбии Русия дорад?
Абдулло Давлатов: Тавре қайд кардед, ҳизби “Партия Роста” навташкил аст ва мисли дигар ҳизбҳо матраҳшуда нест. Аммо чеҳраҳои шинохта, соҳибкорони муваффақ кори худро хоҳанд кард ва боварӣ дорам, ки ба зудӣ муаррифӣ хоҳад шуд! Ҳоло ҳар кӯчаву пасткӯчаи Маскав ҳатман бо нишонаҳои ҳизби “Партия Роста” вомехӯред.
Озодагон: Манбаи маблағи мубориза ва таблиғи пешазинтихоботӣ бар дӯши Шумост ё ҳизб?
Абдулло Давлатов: Маблағгузорӣ аз хазинаи махсуси пешазинтихоботӣ пардохт мешавад, ки аз ҳисоби хайрхоҳони ҳизб ташкил шудааст. Илова бар ин, ҳар номзад худаш метавонад спонсор пайдо кунаду таблиғоти пешазинтихоботӣ барад. Шукри Худо, ки ман низ аз ҷумлаи тоҷикон ду нафаре дорам, ки дар ин самт ваъдаи кӯмак кардаанд.
Суҳбати Сайф Сафар