Оҷизии мақомот дар пардохти маоши омӯзгорону табибон: Пул нест...
Дар пайи шикояти бархе аз сокинони Ваҳдат ба “Озодагон” мақомоти шаҳр таъхири пардохти маоши кормандони буҷавиро таъйид карданд.
Мусофир Насриддинов, сардори раёсати молияи шаҳри Ваҳдат, имрӯз, 8 июл дар суҳбат ба “Озодагон” сабаби саривақт пардохт нашудани маоши кормандонро дар иҷро нашудани буҷаи шаҳр арзёбӣ кард: “Буҷа иҷро нашуда истодааст, дар моҳи июн 94%, моҳи май 93% ва моҳи апрел 89%-и буҷаи шаҳр иҷро шудааст. Аз моҳи январи соли ҷорӣ 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ қарздории музди меҳнат дорем”.
Насриддинов, ки тоза ба мақоми сардори раёсати молия таъин шудааст, афзуд кормандони соҳаи тиб ва маориф маоши моҳи апрелро пурра гирифтаанд: “Барои маоши моҳи май мо 3 миллион сомонӣ тақсим кардем ва то 15 июл маоши боқимондаи моҳи май ва июнро пурра пардохт хоҳем кард. Корхонаҳои калоне, ки сохтаанд, аз ҷумла заводи тилло ва семент андозро пас аз 20-уми июл пардохт мекунанд”.
Майсара Назарбекова, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат низ таъхири пардохти музди меҳнатро тасдиқ карда, онро ба сари вақт насупоридани андоз аз ҷониби корхонаҳои бузурги шаҳр арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Назарбекова кормандони макотиб маоши моҳи апрелро дар моҳи июн гирифтаанд: “Ҳоло бошад моҳи майро пардохт карда истодаем. Якчанд корхонаҳои калоне, ки буданд андозро насупориданд ва буҷа низ пур нашуд. Ҳоло бошад корхонаи нави тилло кушода шуд, ки шояд ин моҳ буҷаро пур гардонад. Корхонаҳои калони шаҳр, ки аз фаъолият мондаанд, таъсири худро ба буҷаи шаҳр расонидаанд”.
Хонум Назарбекова афзуд, ки феълан 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ маоши моҳи май танҳо дар 20-30 ададаш пардохт шудааст.
Аммо Сарабек Холов, муовини раиси шаҳри Ваҳдат мегӯяд маоши моҳи май дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ пурра пардохт шудааст. Ӯ афзуд, айни ҳол сохтумонҳои азиме, чун варзишгоҳи Ваҳдат идома дорад.
Шикояти омӯзгорону табибони шаҳри Ваҳдат ва бархе аз навоҳии дигар дар ҳолест, ки бо қарори ҳукумат аз 1-уми июл ҳаҷми музди меҳнати кормндони буҷавӣ боло бардошта шуд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумат дахлу харҷи буҷаи давлатӣ дар соли 2016-ро дар ҳаҷми 450 миллион сомонӣ кам намуд. Буҷаи соли 2016 ҳудуди 18,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо дар пайи таъсири буҳрони молиявӣ, коҳиши интиқоли маблағ, гардиши мол ва дигар омилҳои манфӣ нақшаи буҷа тайи моҳҳои гузашта иҷро нагардид.
Бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендияро аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда, ҳадди ақали музди меҳнатро 60 дарсад бештар - 400 сомонӣ таъин намуд.