Талоши дигари Убайдуллоев барои табдили “Пойтахт 90” ба макони молҳои арзон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки майдони назди «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ба макони доимии ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархи арзон табдил дода шавад.
Тавре имрӯз, 8-уми июл аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асоси қарори Убайдуллоев дар рӯзҳои истироҳат ва арафаи идҳо ба соҳибкорон, ширкатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои иштирок дар ярмаркаҳо ройгон иҷозат дода шавад.
Раиси Душанбе мақомоти амниятӣ ва беҳдоштиро муваззаф кардааст, ки сифати маҳсулоту бехатарии иштирокдорони ярмаркаҳоро назорат кунанд.
Маркази савдои “Пойтахт 90”, дар кӯчаи Меҳнати пойтахт воқеъ буда, бо 194 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Расми баҳрабардорӣ аз он 5 сентябри соли 2014 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта буд. Ин маҷмаа бо вуҷуди меъмории зебо ва шароитҳои муосир то ҳол натавонистааст миёни тоҷирону харидорон маъруф гардад.