Духтари 16-соларо дар Ваҳдат “Мерседес” ва “Тайота” зер карданд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи 46-солаи “Мерседес бенс”, сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат дар шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди 16-соларо зер кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 7-уми июл, тақрибан соати 9:20 дақиқа ронандаи "Мерседес" ҳангоми ҳаракат аз Ваҳдат сӯи Норак пиёдагард, духтари 16-соларо зер кардааст: “Пиёдагард аз зарбаи “Мерседес” ба тарафи чаппи роҳ парида, ба “Тайота кемрӣ” бархӯрдааст, ки таҳти идораи сокини 52-солаи шаҳри Душанбе ҳаракат доштааст”.
Манбаъ мегӯяд, духтари ноболиғ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҷон додааст.