"Пул надиҳӣ, беобрӯят мекунам"
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 29-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд.
Торнамои ВКД менависад, боздошти ин ҷавон дар пайи шикояти як зани 49-солаи сокини ноҳияи Нуробод сурат гирифтааст. Ин зан ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳия муроҷиат карда гуфтааст, 7 июли соли равон шахси номаълум ба телефони мобилиаш занг зада, "бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди фош кардани маълумотҳои беобрӯкунанда" аз вай 760 сомонӣ ва 1 ангуштарини тиллоӣ (бо арзиши 360 сомонӣ) гирифтааст: "Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд".
Хабари бо таҳдиди “беобрӯ” кардан ситонидани пул ҳолати ягона нест. Дар гузашта низ ВКД аз чанд ҳолати мушобеҳ хабар додааст. Масалан, моҳи майи соли равон, торнамои ин ниҳод навишт, як марди 29-сола, сокини шаҳри Турсунзода тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо зани 25-сола, сокини ҳамин шаҳр шинос шуда, хоҳиш намудааст, ки расми бадани урёни худро ба ӯ ирсол намояд: “Баъди дарёфти акс марди 29-сола худро корманди милитсия муаррифӣ карда, бо роҳи тамаъҷуӣ ва таҳдиди беобурӯ кардан аз зани ҷавон 1 гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии “Нокия”, ба маблағи 3300 сомониро гирифтааст”.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда такроран зани 25-соларо бо роҳи фиреб ба осоишгоҳи “Қаратоғ” бурда, муносибатҳои маҳрамонаашонро бо телефони мобилии худ ба навор гирифтааст: “Баъдан бо таҳдиди беобрӯ кардан аз ҷавонзан 1050-сомониро талаб кардааст”.
Аз ин пештар вазорат хабар дод, ки як зани 26-сола тахминан аз соли 2012 то соли 2016 бо якчанд мард шиносоӣ пайдо намуда, “муддате муносибатҳои маҳрамона намуда, дар давоми шиносоӣ ҳомиладор мегардад. Баъди фарзанд таваллуд намудан, ба тамаъҷӯӣ гузашта бо роҳи таҳдиди бе обрӯ сохтан аз “падаршавандаҳо”-и фарзандаш аввал хона талаб карда, сипас маблағи пулӣ гирифтааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, гумонбаршуда бо ин роҳ аз як марди 46-солаи Русия, сокини вилояти Смоленск 6000 доллар, аз сокинони шаҳри Душанбе, марди 39-сола 3000 доллар ва аз марди 35-сола 500 доллар гирифтааст.