"Фасодкорону қудратиҳои тоҷик дар хориҷ паноҳандагӣ мехоҳанд"
Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ гуфтааст солҳои ахир аз Тоҷикистон шахсоне, ки ба эҳтимоли зиёд дар фасод ва хушунат даст доранд, дархости паноҳандагӣ дар хориҷ мекунанд.
Хонум Атаева дар суҳбат бо “ВВС” гуфтааст, тӯли се соли ахир аз 910 дархости паноҳандагӣ 62 ададашон рад карда шудааст: “Дар миёни онҳое, ки дархосташон рад шудааст, занон ва кӯдакони ҷангҷӯён низ буданд, ки ин иштироки наздиконашонро дар амалиётҳои ҷангӣ пуштибонӣ мекунанд. Ҳамчунин миёни хоҳишмандони паноҳандагӣ нафароне буданд, ки дар кишвар барои хушунати хонаводагӣ ва дуздӣ мутаҳҳам дониста шудаанд. Ба ғайр аз ин ба мо кормандони собиқи сохторҳои қудратӣ, ки дар фасодкорӣ даст доштаанд, муроҷиат мекунанд. Мо барои гумон кардан, ки дар замони фаъолияти онҳо маҳбусон шиканҷа ва хушунат мешуданд, асос дорем. Ин гуна одамон ба ҳайси “гуреза” дониста намешаванд”.
Дар ҳамин ҳол ҳуқуқдонҳо мегӯянд ин нафарон метавонанд ба амният ва иқтисоди кишварҳои мизбон таҳдид дошта бошанд ва раванди баррасии дархостҳои паноҳандагӣ баъди террактҳо дар Аврупою Амрико мураккаб шудааст.
Радди 62 дархост тайи се соли охир дар ҳолест, ки ба иттилои Атаева аз соли 2007 то 2013 ҳамагӣ 12 дархости паноҳандагӣ рад шудааст.