Манижаро ба об андохтанд ё худкушӣ кард?
Як сокини ноҳияи Ховалинг иддао дорад, духтари 16-cолаи ӯро куштаанд, аммо додситонии ноҳия мегӯяд, вай худкушӣ кардааст.
Талбон Сабирови 54-сола, сокини деҳаи Дашти Руботи ноҳияи Ховалинг муътақид аст, духтари ӯро як ҳамсолаш ба дарё андохтааст. Ҷасади Манижаи 16-cола баъди 35 рӯзи бедарак шуданаш рӯзи 11 май аз дарёи Ёхсу ёфт шудааст. Ӯ рӯзи 6 апрели соли равон якбора бедарак шуд ва талоши тамоми аҳли деҳа ва сокинони рустоҳои ҳамсоя барои пайдо карданаш бенатиҷа буд. Ба гуфтаи ҳамсолони Манижа як рӯз пеш, 5 апрел баъди аз дарс берун шудан бо як писараки хонандаи синфи 9 (С.И.) баҳси лафзӣ доштааст. Бино ба иттилои онҳо, С.И. зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар деҳаи Дашти Рубот дар хонаи наздиконаш мезист: “Ӯ аслан бояд синфи 10 бошад, аммо аз синфаш монда буд ва бо хонандаҳои синфи 9 таҳсил мекард”.
Талбон Собиров, падари Манижа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бино ба гуфтаи ҳамсинфони духтараш баъди ҷанҷол бо он писар духтараш гуфтааст, ба милиса хабар медиҳад ва ба хонаашон омадааст. Ба қавли хоҳари Манижа, С.И. телефони дастии худро тавассути як ҳамсолаш ба Манижа фиристодааст ва худаш аз шумораи дигар ба ӯ тамос гирифта, суҳбат кардаанд. Рӯзи 6 апрел вақте Манижа ба мактаб намеравад, хабари бедарак шуданаш овоза мешавад. Нафаре мегӯяд, ӯро дар роҳ ба сӯи дарёи Ёхсу дидаанд. Талбон Собиров мегӯяд, вақте сокинони деҳа ба ҷустуҷӯ баромаданд, С.И ҳам буд ва аввалин шуда, попушиҳои Манижаро овард. Баъдан, телефони С.И.-ро аз соҳили дарё меёбанд: “Ҳудуди 250 нафар аз чор деҳа 12 рӯз соҳили дарёи Ёхсу ва 8 рӯзи дигар талу теппаҳоро ҷустуҷӯ кардем. Аммо бенатиҷа буд. Рӯзи 11 май баъди боронгариҳо сокинони деҳаи Навобод барои ҷамъоварии ҳезум мераванд, ки ҷасадро мебинанд ва онро ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранд”.
Падари Манижа мегӯяд, ба иттилои мақомот, дар пайи ташхис маълум шуда, ки ба номуси духтараш таҷовуз кардаанд. Ӯ муътақид аст, духтарашро С.И. ба дарё андохтааст: “Дар мақомот мегӯянд, ту шоҳид ёб, ки исбот кунад, духтаратро куштаанд. Ман чанд далелашро гуфтам. Аввал ин ки он писар бо духтарам ҷанҷол карда буд, инро ҳама дидаанд. Дуюм, вақте мо ба лаби дарё рафтем, аввалин шуда, ӯ попушиҳои Манижаро пайдо кард. Сеюм, гуфтааст, ки ӯ ҳам он рӯз дар лаби дарё қарор дошт. Чорум, курта ва телефони вайро ҳам, ки ба духтарам дода будааст, аз онҷо пайдо карданд. Маълум шуд, ки он шаб аз як рақами дигар ба он телефон қариб 50 бор занг зада будааст”.
Аз Додситонии ноҳияи Ховалинг ба “Озодагон” гуфтанд, Манижаи Талбон худукушӣ кардааст: “Баъди экспертиза маълум шуд, ки ин духтарак се ҳафтаина ҳомила будааст”. Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, бо далели мавҷуд набудани таҷҳизоти навин, натавонистанд муайян созанд, ки падари он тифл кӣ аст. Ин манбаъ дар робита ба С.И. гуфт, нисбат ба ӯ ҳеч чорае андешида нашуда ва тафтишот ӯро гумонбар намедонад. Дар ҳамин ҳол, ҳамсинфони С.И. гуфтанд, ӯ ба шаҳри Кӯлоб, хонаи волидонаш рафтааст.
Талбон Собиров, падари Манижа мегӯяд, духтараш дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекард ва бовар надорад, ки ӯ худкушӣ карда бошад: “Ман то охир мубориза мебарам, то қотили духтарам ҷазо бигирад. Ба мақомоти болоӣ шикоят мебарам. Ҳатто то ба Президент шикоят мекунам, ки ба ин қазия расидагӣ намояд ва гунаҳкор пайдо ва муҷозот гардад”.
Дар акс: Манижаи Талбон