Донишҷӯи Академияи ВКД аз Чин бо Ҷоми “Super star fight” баргашт
Акбар Ҷабборов, курсанти соли чоруми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ нишони тиллои мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксингро соҳиб шудааст.
Аз ВКД ба “Озодагон” гуфтанд, Акбар дар рақобатҳо дар вазни 65 кг миёни варзишгарони касбӣ ҳунарнамоӣ карда, дар қисмати ниҳоӣ рақибашро аз Ҷумҳурии Чин мағлуб намуда, Ҷоми “Super star fight”-ро ба худ ихтисос дод.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг дар шаҳри Шенчжени Чин бо ширкати намояндаҳои беш аз 10 кишвар баргузор шуд.
Акбар Ҷабборови 22-сола беш аз 10 сол аст, ки дар риштаи кикбоксинг машқ мекунад.