Рашт: Заминҷунбӣ 29 манзилро хароб кардааст (АКС)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар пайи заминҷунбии рӯзи якуми июл дар ноҳияи Рашт 11 хона пурра ва 18-тои дигар қисман хароб шудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯйи ин ниҳод имрӯз, 7 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар асари зилзила асосан рустоҳои ҷамоати Иҷборак, Аскалон ва деҳаи Ҳазорчашма хисорот дидааст: “Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба аҳолии зарардида хаймаҳо супорида шуд. Сарбозони кумита онҳоро омода карда, дар ихтиёри мардуми эҳтиёҷманд гузоштанд. Ҳоло оилаҳое, ки манзилашон хароб шудааст, муваққатан дар ин хаймаҳо иқомат доранд”.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми зарари расида алъон муайян нашудааст.
Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзилаи рӯзи якуми июлро 27 километрии шимолу шарқи Ғарм ва 165 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе гуфта хабар дода буд, нерӯи ҷунбиши замин дар марказ 5,6 балл, дар Ғарм 4,5 ва дар Душанбе 2 балл будааст.