Дастур барои ҷилавгирии марг аз консерваҳои худсохт ва интиқод аз кашолкории масъулини тиб
Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ аз ҳодисаҳои ботулизм дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Тибқи иттилоияи расмӣ Азим Иброҳим таъкид кардааст, ки ҳодисаҳои ботулизм мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо сабабгори фавти мардум гаштааст: “Ин ҳодисаҳо бо сабаби истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда ба вуқуъ пайвастаанд”.
Бо зикри ҳолатҳои марги шаҳрвандон аз консерваҳои дастсохт муовини сарвазир ба Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш додааст, ки дастурамал барои бехатар тайёр намудани консерваҳоро дар шароити хона таҳия кунанду, ба аҳолӣ пешниҳод намоянд.
Азим Иброҳим инчунин аз кашолкориҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон интиқод намудааст. Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи қарори ҳукумат «Дар бораи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрока ва сиҳатии аҳолӣ» бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мегардид, ки то ҳол амалӣ нашудааст.
Ноиби сарвазир масъулинро муваззаф намудааст, ки назорат дар самти таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ тақвият дода шавад.