Ҳалокати донишҷӯ ҳангоми оббозӣ дар Баҳри Тоҷик
Як ҷавони 19-сола дар шимоли Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар Баҳри Тоҷик (Қайроққум) ғарқ шудааст.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дода, афзуданд, ин ҷавон дар яке аз макотиби шаҳри Хуҷанд таҳсил мекардааст: «Ин фалокат рӯзи 6 июл рух додааст. Донишҷӯ ҳинни оббозӣ дар Баҳри Тоҷик ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад».
Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи равон Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд аз ғарқшавии аҳли як оила марди 35-сола бо хоҳаронаш ҷавондухтарони 22 ва 18-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд, дар дарёи «Сир», воқеъ дар рӯ ба рӯи Беморхонаи касалиҳои дили маркази маъмурии вилояти Суғд хабар дода буд.