Тасмими Президент барои сабти албоми таронаҳояш
Алмосбек Отамбоев, Президенти Қирғизистон қасд дорад, ба муносибати 60-солагиаш маҷмӯаи таронаҳои худро интишор кунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, Отамбоев яке аз рӯзҳои шанбеи моҳи июн 5 таронаи муаллифии худро дар як CD сабт карда, қарор аст замони рухсатии моҳи августаш 5 суруди дигарро бо забони қирғизӣ сабт мекунад.
Манбаъ гуфтааст, Отамбоев ин албомро дар 60-умин солгарди умраш, ки 17 сентябр таҷлил мешавад, ба наздиконаш ҳадя мекунад.
Ин дар ҳолест, ки 2 июл дар шабаки Ютюб яке аз таронаҳои аввалини Алмосбек Отамбоев нашр шуд. Отамбоев дар оғози ин навори аудиоӣ мегӯяд, суруди "Алорағми сарнавишт" барояш ҳамчун шиор буд: “Дар бисёр ҳолат кумак мекард, ки мушкилиҳоро пушти сар кунам”.
Сабти албом аз ҷониби президент дар ҳолест, ки қаблан ӯ гуфта буд, ки баъди интихоботи соли 2017 дар дар ягон вазифаи давлатӣ нахоҳад истод ва ба фаъолияти эҷодӣ машғул хоҳад шуд.