Кордкашии меҳмон сӯи соҳибхона дар Иди Фитр
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6-уми июл, ки дар кишвар Иди Фитр таҷлил мешуд, як сокини ноҳияи Темурмалик дар меҳмонӣ ба сари соҳибхона корд кашидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод марди 31-сола, сокини ноҳияи Темурмалик бо иттиҳоми маҷруҳ кардани соҳибхона ҳангоми меҳмонӣ боздошт шудааст: “Дастгиршуда тахминан соати 10:45-и 6-уми июл дар хонаи марди 25-сола, сокини ҳамин ноҳия, аз ҳиссиёти авбошӣ соҳибхонаро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корд ба қисми чапи баданаш зарба задааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.