Ҳушдори Ато Муҳаммади Нур: Ба хашми миллат рӯ ба рӯ мешавед...
Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балхи Афғонистон ҳукумати ваҳдати миллии он кишварро ғайриқонунӣ хондааст.
Ӯ дар суханроние ба муносибати Иди Фитр гуфтааст: “На ҳамоҳангии дуруст дорем, на тафоҳум, на мутобиқи тавофуқнома кореро кардем, на тавофуқномаи сиёсиро амалӣ кардем. Имрӯз мо Шӯрои миллии ғайриқонунӣ дорем. Имрӯз ҳукумати мо, ки бар се поя устувор аст, ҳар сеаш ғайриқонунист, тавофуқӣ аст”.
Ба ин тартиб, Ато Муҳаммад набуди тааҳҳудоти амалии сарони ҳукумати ваҳдати миллиро накуҳиш карда, ҳушдор додааст, хомӯшӣ ва бемудириятии ҳукумат метавонад хашми мардумро ба ҳамроҳ дошта бошад. Сарпарасти Балх таъкид кардааст: “Мудирияти амалро ҷустуҷӯ кунед ва ин миллатро аз ин мунҷалоб, аз ин махмаса ва аз ин фақру иқтисоди варшикаста, амнияти харобшуда берун бикунед. Дар ғайри он мутавваҷеҳ бошед, ки дар баробари хашми миллат рӯ ба рӯ нашавед”.
Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон пас аз он ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014 ба баҳсҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд, падид омад. Дар ин ҳукумат бо миёнҷигарии Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Амрико, Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳайси раиси иҷроияи ҳукумат таъйин шуданд.