Дархости ёрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон барои муолиҷаи Бахтиёру Маҳинабону
Ҷамила Комилова, як сокини шаҳри Душанбе, ки ду фарзандаш дар пайи иштибоҳи табибон маъюб шудаанд, барои ситонидани ҷуброн аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ёрӣ мехоҳад.
Хонум Комилова имрӯз, 7 июл ба “Озодагон” гуфт, ҳоло фарзандонашро барои муолиҷа ба Ҳиндустон бурдааст ва барои идомаи табобати онҳо маблағи кофӣ надорад.
Ин зан мегӯяд, фарзандонаш -- Бахтиёру Маҳинабону соли 2007 дар пайи иштибоҳи Рахимова З.К, табиби Маркази саломатии шаҳри Чкалови вилояти Суғд маъюб гаштанд ва ӯ табибро ба додгоҳ кашид: “Соли 2009 бо ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин табиб муваззаф шуд, 35 ҳазору 948 сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 15 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт намояд, вале мутаассифона ҳанӯз ин қарори додгоҳ иҷро нагардидааст”.
Ҷамила Комилова иброз дошт, ҳоло дар вазъияти хеле нигаронкунанда қарор дорад ва аз ин рӯ аз раисиҷумҳури кишвар хоҳиш мекунад, бо дахолат ба қазия барои татбиқи қарори додгоҳ ва пардохти ҷуброни зарар мусоидат намояд: “Муҳтарам Ҷаноби олӣ! Ман чандин маротиба оиди иҷро нашудани қарорҳои суд ба Шумо Президенти муҳтарам ва ба дигар роҳбарон навишта будам, лекин то ҳол қарори суд ба иҷро нарасидаанд. То ҳол Раҳимова З. ба ман ягон маблағ надодааст. Ӯ ҳар моҳ бояд маблағи хурок ва табобатро барои писарам Бахтиёр пардохт менамуд, аммо инро ҳам накард. Вақти мурофиаи додгоҳӣ беморхона изҳори омодагӣ кард, ки ҳар се моҳ 1200 сомонӣ медиҳад, танҳо ҳамин иҷро шуда истодаасту халос. Муҳтарам роҳбарон, то кай ман бо фарзандони маъюбам, ки бо иштибоҳи духтур маъюб гаштаанд, барои пурсидани кумак сарсону саргардон мешавам?”
Ба қавли Ҷамила Комилова фарзандонаш ҳоло зери назорати табибон дар Ҳиндустон қарор доранд ва барои идомаи муолиҷа ба маблағ зарурат дорад. Ӯ аз мардуми саховатманд ва онҳое, ки имкони ёрӣ расонданро доранд, хоҳиш кард, барои муолиҷаи Бахтиёр ва Маҳинабону бетараф набошанд: “Ҳоло танҳо ба Шумо умед дорам. Ҳар нафар ба қадри имкон дасти ёрӣ дароз кунад, то фарзандонам дубора ба по хезанд”.
ШУМОРАИ ТЕЛЕФОНИ ҶАМИЛА КОМИЛОВА: (+992) 907-59- 00-03