Қасди сокини Спитамен барои вуруди ғайриқонунии трансаформаторҳо аз Қирғизистон
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз қочоқи 4 трансформатори 1000 киловаттӣ ва 4 адад 400 киловаттӣ ҷилавгирӣ карда, алайҳи соҳиби он парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 1-уми июли соли равон дар минтақаи назорати гумрукии вилояти Суғд ин дастгоҳҳои қочоқӣ аз дохили боркашҳои “Зил” дарёфт шудаанд: “Муайян гардид, ки молҳои мазкур ба сокини 38-солаи ноҳияи Спитамен тааллуқ дошта, трансформаторҳоро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст”.
Хадамоти гумрук арзиши дастгоҳҳои ошкоршударо 208 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда, парвандаи ҷиноӣ алайҳи соҳиби молро ба додситонии Суғд ирсол намудааст.