Маҳкумияти ду чечен, ки бо шиносномаи тоҷикӣ ба Сурия рафтанӣ буданд
Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи Маскав ду зодаи Чеченистонро, ки қасди пайвастан ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДИИШ)-ро доштаанд, чор солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои Раёсати хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Брянск, ин ду нафар дар марзи муштараки Русияву Украина боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо талош кардаанд, бо шиносномаҳои тақаллубии шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия тавассути Украина ва Туркия ба Сурия гузашта ба ДИИШ бипайванданд.
Додгоҳ онҳоро дар ташкили созмони террористӣ ва тақаллуби аснод муҷрим шинохтааст: “Муттаҳамшудаҳо ба гуноҳи худ иқрор карданд. Додгоҳ онҳоро барои чор сол равонаи зиндон карда, дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл ҷарима баст”.