Раиси нави коммунистҳо: Надидани дастовардҳо таҳти роҳбарии Пешво кӯтоҳбинии сиёсист
Исмоил Талбакови 61-сола, раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, барои ба даст овардани пуштибонии бештари мардум ва бозгашт ба парлумон бо тамоми қишрҳои ҷомеа, аз деҳқон то соҳибкору руҳониён ҳамкориро густурдатар хоҳад кард.
Талбаков, ки 3-юми июл дар пайи як овоздиҳии баҳсбарангез раиси нави Ҳизби коммунист интихоб шуд, дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” далели баҳсбарангез шудани интихоботро ба таъсири мафкураи шахшудаи солҳои шӯравӣ рабт додааст, ки ҳизби коммунист лидери худро то лаҳзаи охир сари мансаб нигоҳ медошт: “Барғалат будани ин мафкураро роҳбарияти ҳизби коммунисти Чин кайҳо дарк кард ва акнун дар ҳар як даъвати навбатии ҳизб роҳбари он иваз карда мешавад”.
Талбаков изҳор доштааст, ки яке аз сабабҳои дар интихоботи парлумонии гузашта муваффақ нашудани ҳизби коммунист бе тағйироту таҳаввулоти ҷиддӣ пеш бурдани барномаи сиёсии ҳизб буд. Ӯ инчунин иддаоро, ки гуруҳе қасди пароканда кардани аъзои ҳизби коммунист аз дохил доштааст, рад кардааст: “Воқеан ҳам дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатдоре вуҷуд доранд, ки раванди демократикунонии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дастовардҳои даҳсолаи охирро ҳаргиз ба чашми нек дидан намехоҳанд ва ба паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ машғуланд. Ин гурӯҳҳои ғаразпеша муборизаи сиёсиро тавре мехоҳанд бубинанд, ки дар ҷомеа доимо ихтилоф, душманӣ ва бадбинии ҳамдигарӣ вуҷуд дошта бошад”.
Ба гуфтаи раиси нав Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди аввал мегузорад, наметавонад, дастовардҳои ҳукуматро дар самти бунёди мактабҳо, беморхонаҳо, муасисаҳои таълимӣ, дигар иншооти иҷтимоӣ-маишӣ нодида гирад: "Соли 2000-ум буҷети мамлакат 200 миллион сомонӣ буд, бо гузашти 16 сол ҳаҷми буҷети Тоҷикистон ба зиёда аз 18 миллиард сомонӣ афзун карда шуд, ки ин дастовардҳо аз ҳаво наомада, дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст. Ин дастовардҳоро нодида гирифта ба фаъолияти сиёсӣ машғул шудан, кутоҳбинии сиёсӣ мебошад”.
Дар охир Талбаков изҳор доштааст, ки на танҳо бо ҲХДТ ҳамчунин бо дигар азҳоби сиёсии Тоҷикистон мехоҳем ҳамкории бисёрҷонибаро ҷорӣ кунем: “Зарур мешуморам, ки мисли аҳзоби дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони мутамаддин роҳбарияти ҳизбҳои Тоҷикистон манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро болотар аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ гузоранд ва ба санги осиёби бадхоҳону душманони давлату миллати тоҷик об нарезанд”.