Президент теъдоди судҳо ва мошинҳояшонро дақиқ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи лағви Шӯрои адлия теъдоди судяҳои олиро 42 нафар ва судяҳои олии иқтисодиро 16 нафар муайян кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Эмомалӣ Раҳмон теъдоди воҳидҳои корӣ барои сохторҳои Суди Олии Тоҷикистонро 1322 адад муқаррар намуд: “Аз ин теъдод судҳои олӣ-42 нафар, судҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо 401 нафар мебошанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон шумораи мошинҳои хидматиро барои судҳо 95 адад, аз ҷумла 7 адад барои дастгоҳи марказӣ муқаррар кардааст. Воҳидҳои корӣ барои Суди олии иқтисодӣ 97 адад ва теъдоди мошинҳои хидматӣ барояшон 9 адад муайян шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҷлиси намояндагон бо тасдиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ дар бораи судяҳои Тоҷикистон салоҳиятҳои раиси ин ниҳодро бештар кард. Шермуҳамади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, бар пояи ин тағйиру иловаҳо сини нафақаи судяҳои зан 58 ва аз мардҳо 63 муқаррар шудааст. Ӯ гуфта буд, теъдоди судяҳои Суди олиро Президент муайян хоҳад кард.
Оқои Шоҳиён афзуд, дар пайи барҳам додани Шӯрои адлия ваколати раиси Суди олӣ зиёд карда мешавад: “Назорати фаъолияти судяҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар гузашта ба ихтиёри Шӯрои адлия буд, акнун бар уҳдаи Суди олӣ гузошта мешавад”.