Даргузашти Субҳони Саид, овозхони шинохтаи тоҷик
Субҳони Саид, хонандаи маъруфи таронаҳои эстрадӣ дар синни 56 даргузашт.
Бино ба иттилои наздикони Субҳон, ӯ баъд аз зуҳри рӯзи гузашта, 4 июл баъди панҷ рӯзи дар беморхона бистарӣ будан, аз дунё чашм пӯшида, маросими ҷанозааш соати 11:00-и имрӯз дар ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад.
Субҳон Саид аз ҳунармандони номошно ва пурмухлиси тоҷик буд, ки солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд ва бар асари ин беморӣ як пойи худро ҳам аз даст дода буд.
Субҳони Саид чанд соли ахир аз он шиква дошт, ки сурудҳояшро тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш намедиҳанд ва ба “руйхати сиёҳ””-и ТВ-ҳои давлатӣ уфтодааст.
Субҳони Саидро да баробари дигар ҳунармандони шинохтаи тоҷик аз қабили овозхонҳое медонанд, ки мактаби ҳунарии худро дорад. Ӯ моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, аз соли 1983 овозхонӣ мекард. Маҷмӯи таронаҳояш дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад, сурудҳоеро, ки дар бистари беморӣ хондааст, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Саид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли "Ганҷина", зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дод. Баъди қатли Кароматуллоҳ аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии "Гулшан" буд. Дар солҳои аввали раҳбарии вай, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Субҳон тавонист, ки "Гулшан"-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, "Ситораи сол" эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 вазорати фарҳанг ба Субҳони Саид ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи эстрада"-ро сазовор донист.
Бо вуҷуди солҳоии тӯлонӣ овозхонӣ кардан ва як овозхони муваффақе эътироф шудан ба гуфтаи шогирдони мактаби ҳунариаш унвон ва ҷоизаи давлатиеро надошт.