Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)
Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавриди латту кӯб қарор гирифтани Шамсулло Саидов, ронадаи ин созмонро аз ҷониби раҳбарони ташкилоти мазкур рад мекунад.
Баҳодур Қурбониён, раиси ин ҷамъият имрӯз, 2 июл ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, Шамсулло Саидовро касе латту кӯб накардааст: “Ӯ замони аз ҷӯйбори бетонӣ гузаштан афтида, пояш захм бардоштааст”.
Рӯзи гузашта нафаре, ки худро Шамсулло Саидов, ронандаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муаррифӣ намуд, иддао кард, раисони ин созмон дар ҳолати сархушӣ дар роҳи бозгашт аз ҷашни Ваҳдат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ӯро латту кӯб кардаанд. Саидов феълан дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Гуфта мешавад, ин қазия 30 июн дар роҳи Дарвоз сурат гирифтааст: “Ҳамроҳи ман се нафар аз ҳамкоронам, аз ҷумла раиси Ҳилоли Аҳмар ва раиси бахши созмон дар Суғд буданд. Маст буданд ва маро дашном доданд. Ман аз мошин фаромада, калиди мошинро ба онҳо дода, гуфтам, ки худам танҳо меравам. Вале аз пасам омада, ҳар сеяшон маро латту кӯб намуданд”.
Аммо Баҳодур Қурбониён, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иброз дошт, рӯзи 30 июн, вақте Шамсулло меафтад, ӯ дар наздаш набуд: “Он рӯз мо дар яке аз меҳмонхонаҳои ноҳияи Даровоз будем, баъдан ба тарафи Душанбе ҳаракат кардем, Шамсулло Саидов ҳамроҳи ду корманди дигарамон дар ҳамон меҳмонхона буданд, баъди чанде ба ман занг заданд, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст. Вақте рафта бо Шамсулло суҳбат кардам, гуфт, аз “латок” афтидам. Ман бевосита шоҳиди афтидаини Шамсулло набудам, лекин худи ӯ ҳаминро гуфт. Мо ҳатто ба мақомоти Дарвоз муроҷиат кардем, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст, онҳоро огоҳ кардем”.
Оқои Қурбониён гуфт, дирӯз баъди дидани хабари латту кӯби ронандаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Шамсулло Саидов ҳамсуҳбат шуд: “Шамсулло комилан рад кард ин ҳолатро, ӯ гуфт, телефони ман дар дастам набуд, дигар кас аз номи ман суҳбат кардааст”.
Аксҳо аз Шамсулло Саидов дар беморхонаи Дарвоз