Ширкати итолиёӣ бо харҷи 3,9 миллиард $ "Роғун" месозад
Ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило»- “Salini Impregilо” барандаи озмуни байналмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» шудааст.
Созишнома барои лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” имрӯз, 1-уми июл миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия имзо гардид.
Тибқи иттилои Комиссияи тендерӣ дар озмун 40 ширкати ватанию хориҷӣ аз 17 давлати ҷаҳон ҳавасмандии худро барои сохтмони “Роғун” изҳор намуданд: “Аммо дар ҷаласаи Комиссия аз 27 июни соли 2016 ширкати «Салини Импреҷило» ғолиби тендерӣ байналмилалӣ дониста шуд”.
Манбаъ афзуд, ки маблағи умумии созишномаи имзошуда байни НБО «Роғун» ва «Салини Импреҷило» 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 1 милларду 950 миллион доллараш барои сохтмони садди асосии нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.
Ширкати «Салини Импреҷило», як гурӯҳи саноатӣ мебошад, ки зиёда аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим машғул аст. Ин ширкати итолиёвӣ дар беш аз 50 давлати ҷаҳон фаъолият дошта, то ҳол ҳудуди 230 садд ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд намудааст.