Роҳандозии савдо бо кортҳои бонкӣ: Ё терминал часпонед ё ҷазо мегиред
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки то 1-уми январи соли 2017 дар кишвар тамоми шароит барои роҳандозии пардохтҳо тариқи кортҳои бонкӣ фароҳам шавад ва тамоми сохторҳо бояд терминалҳои электронӣ насб намоянд.
Тавре аз дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор шудаанд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ шароитро таъмин намоянд.
Манбаъ мегӯяд, бар пояи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саркашӣ аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо муҷозот пешбинӣ шудааст: “Аз ҷумла ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.
Бо зикри ин Бонки Миллӣ ба соҳибкорон тавсия додааст, ки то 1 январи соли 2017 барои насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.
Тибқи иттилои ин ниҳод то 1 июни соли 2016 шумораи терминалҳои электронӣ, ки барои пардохт дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7% зиёд шуда, миқдори умумии онҳо ба 631 адад расидааст.