107 миллион сармояи Оқохон барои 32 ноҳияи Тоҷикистон дар 1 сол
Бунёди Оқохон ҳисобот додааст, ки соли 2015 дар навоҳии Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
Тибқи гузориши солонаи Бунёди Оқохон ин ташкилот дар амалӣ кардани барномаҳои худ аз сӯи 22 донор дастгирӣ ёфтааст.
Бино бар ин гузориш Бунёд дар доираи барномаҳои рушди деҳот, маориф, рушди барвақтии кӯдак, тандурустӣ, ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, барномаи фаромарзӣ ва бурсияи байналмилалӣ фаъолият мекунад.
Манбаъ афзудааст, ки минтақаи фаъолияти Бунёди Оқохон сол аз сол густурдатар шуда, дар соли 2015, 32 ноҳияи Тоҷикистонро фаро гирифтааст, ки дар онҳо ҳудуди 1.4 миллион нафар зиндагӣ мекунад.
Ёдгор Файзов, раҳбари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон гуфтааст, имсол ба хотири эҷоди ҷойҳои кор ва даромади бештари мардум Бунгоҳи такондиҳандаи рушд таъсис дода мешавад. Қарор аст дар доираи ин иқдом барои тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамкорӣ бо шарикони давлатӣ, фароҳам кардани шароит барои рушди бахши хусусӣ ва ислоҳот мусоидат шавад.