Зуҳуров: Эмомалӣ Раҳмон пешвои эътирофгашта буданд, мо танҳо воқеиятро бо санад эътироф кардем
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 30 июн дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи дуюм, даъвати панҷуми палатаи поёнии парлумон гузориш дод.
Оқои Зуҳуров, ки аз фаъолияти 9 моҳаи вакилони Маҷлиси намояндагон ҳарф мезад, ба кори онҳо баҳои баланд дода, афзуд, дар ин давра лоиҳаи қонунҳое қабул гардиданд, ки дар таърихи фаъолияти парлумон сабт мегарданд. Ӯ аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва тарҳеро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат - пешвои миллатро дод, санадҳои дорои аҳамияти бисёр муҳим хонд.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, “аслан Эмомалӣ Раҳмон пешвои шинохташудаву эътирофгаштаи миллат буданд, мо танҳо ин воқеияти айниро бо санади меъёрии ҳуқуқӣ эътироф кардем”.
Ҷаноби Зуҳуров дар идома таъкид кард, бо вуҷуди пешравиҳо як қатор камбуд ва мушкилиҳо низ дар кори Маҷлиси намояндагон вуҷуд дорад. Ӯ ба сифати начандон хуби лоиҳаҳои қонун, номутобиқатии матни тоҷикӣ ба русӣ дар санадҳо ва риоя нашудани муҳлати пешниҳоди бархе санадҳо ишора кард ва хостори ҳалли онҳо гардид.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагон 505 адад муроҷиати шаҳрвандонро қабулу баррасӣ намуда, беш аз 600 шаҳрванро пазируфта , арзу муроҷиати онҳоро шунидаанд: “Вакилон дар пайи ҳалли муроҷиати шаҳрвандон шудаанд ва аксари муроҷиатҳо тасдиқи худро ёфтанд, бештари муроҷиатҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, масъалаҳои додгоҳӣ, тақсими манзил ва замин рост меояд”.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз фардо, 1 июл то 15 август дар таътил хоҳанд буд.