27,5 миллион $-и “AIIB” барои беҳбуди роҳ аз Душанбе то Узбакистон
Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), ки аввали соли равон расман дар шаҳри Пекин ба фаъолият оғоз кард, 4 лоиҳаи нахустини сармоягузорӣ бо маблағи 509 миллион сомониро ба тасвиб расондаст.
Тибқи иттилоияи ин муассисаи молиявӣ охири ҳафтаи гузашта дар нахустин ҷаласаи солонаи Бонки навтаъсис зикр шуд, ки 4 лоиҳа дар Тоҷикистон, Покистон, Индонезия ва Бангладеш амалӣ мешаванд: “Лоиҳаҳо дар Тоҷикистону Покистон дар доираи барномаи Роҳи Абрешим сармоягузорӣ мешаванд. 27,5 миллион долларе, ки барои Тоҷикистон ҷудо мешавад барои таҷдиди роҳ аз Душанбе то марзи Узбакистон сарф мегардад”.
Дар ҳоле ки масъулини “AIIB” иддаои мустақилият аз нуфузи Чинро доранд, коршиносон мегӯянд, саҳми асосиро дар ин бонк Чин дорад ва овози ҳалкунанда низ ба ин кишвар тааллуқ хоҳад дошт. Аз ҷумла нахустин лоиҳаҳо дар Тоҷикистону Покистонро мисол меоранд, ки дар доираи барномаи пешниҳодкардаи Чин сармоягузорӣ мешаванд.
Ноиби сарвазири Чин зимни баромадаш дар ҷаласа аз масъулини “AIIB” хостааст, ба инфрасохтори ақибмондаи Осиёи Марказӣ сармоягузории бештар равона кунанд, зеро маҳз ин минтақа пайвандгари Чин бо Аврупост.
Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ- Asian Infrastructure Investment Bank, созмони байнулмилалии молиест, ки соли 2014 бо ташаббуси Чин таъсис дода шуда, аввали соли равон расман ба фаъолият оғоз кард. Ҳиссаи бузурги овозҳо дар Шӯрои директрони бонкро Чин, Ҳиндустон ва Русия соҳиб шудаанд.
Сармояи оиннномавии Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 100 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур 30,9 миллион долларро ташкил медиҳад.