Ёқуб Салимов: Айб аст, ки мӯйсафедон дар мансаб нишинанд
Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки ахиран баъди 13 соли маҳбас озод шуд, мегӯяд, зиёиён бояд гули сари сабад бошанд. Ба қавли ӯ, зиёии ҳақиқӣ дарди миллатро баён мекунад.
Салимов дар суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам назари манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Ӯ бо ишора ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қайд кардааст, ки “миллати худро аз офати ҷанги шаҳрвандӣ натавонистем муҳофизат кунем”.
Ӯ афзуда, “бубинед, дар ягон давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг нашуд. Аммо дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт. Маълум мешавад, ки зиёиёни мо сохтаи даврони Шӯравӣ буданд. Аз ин ҷост, ки ба маҳалҳо, гурӯҳҳо, ҳизбҳо тақсим шуданд. Агар дар асл зиёӣ мебуданд, ҳеҷ вақт мардум ба ин бадбахтиҳо гирифтор намешуд. Гурӯҳҳо, ҳизбҳо дар асоси маҳал бунёд гашта буданд. Пойбанди маҳал буданд, аҳдофи миллӣ надоштанд, ба хотири ба сари қудрат овардани касон аз маҳали худ ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо тақсим шуданд”.
Ёқуб Салим изҳор доштааст, бо гузашти 20-25 сол айб аст, ки ҷанги шаҳрвандиро кори дасти бегонагон донем. Ин вазири пешини умури дохила бар ин бовар аст, ки ҳоло ҳам ин гурӯҳбозиҳо дар кишвар идома доранд. Ӯ саволгузорӣ кардааст, ки: “Масалан, магар 60-70 фоизи рӯзномаҳо дар сатҳи маҳал нест? Шояд, 4-5 расонае вуҷуд дошта бошад, ки ба таври самимӣ, ба хотири пешрафти давлат ва аз дарди миллат матлаб чоп кунанд. Забони рӯзномаҳо забони маҳал аст, манбаи 80 фоизи матолиби онҳо аз русӣ рӯйбардор шудааст, дар 20 фоизи матлабҳои худӣ манфиатҳои кадом гурӯҳе ниҳон аст”.
Ёқуб Салимов аз Лоиқ Шералӣ ба унвони як зиёӣ ёд карда, гуфтааст: “Ҳар як саҳифаи китоби Лоиқро мисли Қуръон бояд дӯст дорем. Ҳар вақт ки шеъри Лоиқро мехонам, як чизи наву ҷолибро дар он пайдо мекунам. Зиёиро ман дар симои ин марди бузург — Лоиқ мебинам”.
Ӯ ҳамчунин Муҳаммад Осимӣ ва Тоҳири Абдуҷабборро аз ҷумлаи зиёиён унвон кардааст. “Ман ба Тоҳири Абдуҷаббор ҳам эҳтиром доштам. Афсӯс, ки ӯро нафаҳмидем, ё ба тарзи худамон фаҳмидем”.
Салимов дар мавриди ин ки дар зиндон сари чӣ чизҳо андеша мекард, гуфтааст, “кам фикр мекардаму бештар меомӯхтам. Китоб мехондам. Касе, ки китоб намехонад ба ӯ бовар накунед, ӯ таҳлил карда наметавонад, аз рӯи гуфтаи дигарон амал мекунад.”
Ӯ ба саволи “Агар ба коре пешниҳод кунанд розӣ мешавед?” ҷавоби рад дода, қайд кардааст: “Ман барои ҳимояи Ватанам омода ҳастам, аммо дигар аз пайи мансаб намеравам”.
Ёқуб Салимов таъкид кардааст, ки бояд ҷавонон ба кори давлатдорӣ ҷалб шаванд: “Онҳо таҳсилкардаи давлатҳои пешрафтаи Аврупову Амрикову Канада ҳастанд, мафкураи тоза доранд. Дигар айб аст, ки мӯйсафедон дар сари мансаб нишинанд”.
Барои пойдории давлати тоҷикон Салимов зарур хондааст, ки ҳама зери парчами Ваҳдат қарор бигиранд ва болобардори он бояд аҳли зиё бошанд: “Аз рӯзи аввал, вақте ба Душанбе омада, ба кор шуруъ кардем, аввалин сухани ман ба раисиҷмҳур ҳамин буд: "Эмомалӣ Шарифович, шумо дар атрофатон беҳтаринҳоро ҷамъ кунед, дар сатҳи ҷумҳурӣ. Мо ҳоло ҷавон ҳастем, лоиқи мансаби вазиру вакили кабир надорем. Мо ҳоло тайёрем дар сангарҳову сарҳад душманро нагузорем, ки ба ин давлати навсоҳибистиқлоламон халал ворид созад. Ман боварии комил дорам, ки дар ин сурат ба мақсадамон мерасем”.
Ёқуб Салимов дар бораи навиштани хотира гуфтааст: “Шояд, инро дар оянда мебинам. Ҳоло масъалаи аввал ҷарроҳии чашмам аст. Духтурон тавсия доданд, ки ин корро ҳарчи тезтар ба анҷом расонам”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид. Ӯ баъди 13 соли зиндон 21-уми июни соли ҷорӣ озод шуд.