Мавзуна Чориева президенти Ассотсиатсияи олимпичиён шуд
Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои XXX-уми тобистонаи олимпии соли 2008 дар Лондон оид ба бокс, президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мавзуна Чориева дар ин мақом Зебиниссо Рустамова, камонвари машҳур ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976-ум дар Монреали Канадаро иваз намуд. Хонум Рустамова бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст.