Э.Раҳмон ба Эрдуғон: Терроризм на дин дораду на миллату на ватан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истанбулро маҳкум карда, таъкид намудааст, ки террористон на дин, на миллат ва на ватан доранд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми тасаллияташ ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия изҳор доштааст, ки хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардумро бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул бо андӯҳи бузург дарёфтам: “Мо ин амали ғайриинсонии ифротиён ва ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, қатъиян маҳкум намуда, бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср боз ҳам таъкид менамоем”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон шудааст.
Бино ба иттилои Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 36 нафар кушта, 147 тани дигар захмӣ шудаанд.